ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ РӮЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Дар "Маркази ҷумҳуриявии кӯдаконаи барқарорсозии саломтӣ" - и шаҳри Ваҳдат ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки дар муассисаи мазкур кӯдакони маъюб табобат мегиранд чорабинӣ доир шуд. Дар он муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода иштирок намуда аз номи раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дӯстрӯяконро ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуданд.
Шоира Абдураҳимзода таъкид кард, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасони дорои имконияти маҳдуд доимӣ буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди нигоҳубин, таҳсил ва табобату тавонбахшӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Ҳар сол чун анъана 1 июн Рўзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз ҷониби аҳли башар таҷлил мегардад. Бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн чун меҳвари давлатдории навини тоҷикон маҳсуб ёфта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад”.
Аз ҷониби давлат барои амалишавии орзуву ормонҳои кӯдакон, бахусус ба кӯдакони ятиму бепарастор ва кӯдакони имконияташон маҳдуд дилсӯзиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки таҷлили он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария роҳандозӣ шудааст.
Дар Тоҷикистон низ Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил карда мешавад.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


