МЕХАНИЗМҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

30 май 2025, 08:15
Слайдер / Навид / Навигариҳо
15

 Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон аз ҷумлаи вазифаҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлатҳои муосир ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳайси як давлати ҳуқуқбунёд ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ, уҳдадориҳои зиёде дар самти ҳимоя ва дастгирии ҳуқуқҳои кӯдакон ба зимма гирифтааст.

Танзими ҳуқуқии ҳифзи кӯдак дар Тоҷикистон як низоми муназзами санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то қонунҳои соҳавӣ ва санадҳои байналмилалиро дар бар мегирад. Ҳадаф аз танзими ҳуқуқии ҳифзи кӯдак, таъмини шароити мусоид барои рушди ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавии кӯдак, таъмини ҳуқуқ ба таҳсил, саломатӣ, муҳофизат аз зӯроварӣ ва беэътиноӣ мебошад.

Мутобиқи моддаи 34-и Конститутсия, давлат масъулият дорад, ки ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакро ҳимоя намояд. Дар моддаи мазкур таъкид шудааст, ки «волидон дар таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд ва давлат кумак ба тарбияи фарзандро вазифаи худ медонад».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18-уми марти соли 2015 қабул карда шудааст, яке аз санадҳои муҳими миллӣ мебошад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои кӯдаконро дар соҳаҳои гуногун танзим мекунад. Ин қонун ба таври мушаххас на танҳо ҳуқуқ, балки уҳдадории мақомоти давлатӣ, падару модар ва дигар субъектҳоро низ муайян намудааст.

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз санадҳои муҳими танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқии кӯдак аст. Дар он ҳуқуқу уҳдадориҳои волидон нисбат ба фарзанд, васояту парасторӣ, масъулият барои тарбия ва таъмини кӯдак, ҳуқуқи кӯдак дар ҳолати ҷудошавии волидайн ва дигар ҳолатҳои ҳаётӣ ба таври возеҳ пешбинӣ шудаанд.

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои поймол кардани ҳуқуқи кӯдак ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар намудааст.

Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як вазифаи ҳуқуқӣ, балки як арзиши иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Барои татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар ин самт як қатор сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ фаъолият мебаранд, ки нақши онҳо дар иҷрои уҳдадориҳои миллию байналмилалӣ ва танзими ҳуқуқии ҳифзи кӯдак басо муҳим мебошад.

Яке аз ниҳодҳои асосии масъул дар ин самт Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» ва дар асоси уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, таъсис ёфтааст. Вазифаи асосии ин мақом назорати риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар тамоми марҳилаҳои зиндагии онҳо мебошад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак яке аз меҳварҳои муассир ва стратегӣ дар низоми ҳифзи ҳуқуқии кӯдакон дар Тоҷикистон мебошад. Таъмини фаъолияти самараноки ин мақом дар амалисозии сиёсати давлат оид ба ҳимояи кӯдакон нақши калидӣ мебозад.

Ниҳоди дигари муҳим дар ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак Вазорати маориф ва илм мебошад.

Ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил яке аз ҳуқуқҳои калидӣ ва кафолатдодашуда дар сатҳи қонунгузорӣ мебошад. Вазорати маориф ва илм дар ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, таъмини дастрасӣ ба таҳсил, мубориза бо хушунати муассисавӣ ва таҳияву татбиқи стандартҳои таълимии мутобиқ ба манфиати кӯдакон нақши муассир дорад.

Ин ниҳод, дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, дар самти пешгирии зӯроварӣ, таҳияи дастурамалҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ барои омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ иқдомҳо меандешад.

Нақши ВАО, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак низ ҷой дорад.

Саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, дастгирии кӯдакони дар ҳолати осебпазирбуда, мониторинги риояи ҳуқуқи кӯдакон ва мусоидат ба иҷрои қонунгузорӣ хеле калон аст. Баъзе созмонҳо, аз қабили ЮНИСЕФ, Ҷамъияти Сурхои Ҳилоли Аҳмар, Ҷамъияти ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ва дигарон лоиҳаҳои махсусро дар самти дастгирии кӯдакони бепарастор, кӯдакони маъюб ва қурбониёни зӯроварӣ амалӣ менамоянд.

Воситаҳои ахбори омма бо пешниҳоди маводи тарғиботӣ, таълимӣ ва таҳлилии марбут ба ҳуқуқҳои кӯдак дар ташаккули афкори ҷомеа ва тақвияти маданияти ҳуқуқии волидайн ва муаллимон нақши назаррас мебозанд. Барномаҳои телевизионӣ, радиошунавонӣ ва маводи чопӣ метавонанд дар пешгирии ҳуқуқвайронкунии нисбат ба кӯдакон василаи муассир бошанд.

Яке аз масоили муҳими танзими ҳуқуқии ҳифзи кӯдак, зарурати ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо ва тартиби равшан барои расонидани кумак ба кӯдакони осебпазир мебошад. Норасоии ҳамоҳангии байни мақомот метавонад боиси суст шудани иҷрои қонунҳо гардад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ гурӯҳҳои байниидоравӣ таъсис дода шаванд, ки масъалаҳои ҳуқуқи кӯдакро пайваста назорат ва таҳлил намоянд.

Бояд гуфт, ки аз соли 1950 ҳар сол дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, 1-уми июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.

 

Фарзона Фатҳуллозода,

нозир – коргузори бахши

сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ваҳдат

Ҳамчунин дигар наворҳо: