Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Ваҳдат

30 май 2025, 17:26
Слайдер / Навид / Навигариҳо / Маориф / Аксҳо
69

 

  Имрӯз, 30- уми майи соли 2025 дар  маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

 Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода, сардори раёсати маорифи шаҳр Зиёратшо Нарзуллозода намояндаи шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеъ ва дигар намояндагон иштирок доштанд. Нахуст  муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода,  баромад намуда таъкид кард, ки ҳар сол чун анъана 1 июн Рўзи байналмилалии  ҳифзи кўдакон аз ҷониби аҳли башар таҷлил мегардад. Бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи  оила, кўдак ва волидайн чун меҳвари давлатдории навини тоҷикон маҳсуб ёфта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои муаззами миллат таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кўдак таҳти назорати доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат қарор дорад. 

Аз ҷониби давлат барои амалишавии орзуву ормонҳои кўдакон, бахусус ба кўдакони ятиму бепарастор дилсўзиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад.

Таъкид гардид, ки  барномаҳои давлатие, ки ба беҳдошти ҳаёти иҷтимоии кўдакон, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, варзиш ва сиҳатии омма нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба татбиқ карда мешаванд.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки ҷомеа аз насли наврас умедвор аст, ки хубу аъло хонанд,  ахлоқи намунавӣ дошта бошанд, барои ояндаи кишвар шахсиятҳои бофарҳанг ва ватандўсту худшинос ва ворисони арзанда ба камол расанд. Миллат, забон ва Ватани худро дўст доранд ва бо он ифтихор дошта бошанд.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби наврасону дӯстрӯякони 17  кӯдакистону ширхогоҳҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба муносибати ҷашни пуршукӯҳ барномаи мукаммали фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки дар он  кӯдакон дар васфи Пешво, Ватан, сулҳу ваҳдат шеъру сурудҳо пешкаши ҳозирин намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки таҷлили он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария роҳандозӣ шудааст.

Дар Тоҷикистон низ Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил карда мешавад.

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: