БОЗДИДИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲР АЗ РАФТИ СОХТМОНӢ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

29 май 2025, 08:45
Навид / Навигариҳо / Маориф
69

 Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ дирӯз муовини раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозодабо рафти корҳои  сохтмонии бинои муассисаи  таълимӣ дар шаҳр, ки аз тарафи ширкасти сохтмонии TBEA-и Ҷумҳурии Мардумии Чин барои 1200 ҷойи нишаст дар ду баст сохта мешавад, шинос шуданд.

Нахуст масъулин оиди рафти корҳои сохтмонии муассиса маълумот доданд.

Баҳриддин Мирзозода пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмон ба масъулин суҳбат намуда, ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

  Ёдовар мешавем, ки дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи маориф ва илм ин дуюмин муассисаи таълимӣ мебошад, ки дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи ширкати мазкур бунёд мегардад. Маврид ба зикр аст, ки соли 2015 ширкасти сохтмонии TBEA-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-ро низ сохта ва мавриди истифодаи маорифчиёни шаҳр дод.

Бояд гуфт, ки дар шаҳр ба сохтмон, таъмир ва навсозии муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад ва сол ба сол шароити таълиму тадрис беҳтар мегардад. Дар доираи омодагиҳо ба муносибати Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраку деҳотҳои шаҳр бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва бунёди 112 синфхонаи иловагӣ бо 2635 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Имрӯз талошҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба он равона шудаанд, ки кӯдакони шаҳр дар шароити хуб таҳсил намуда, дар оянда дар пешрафти диёр ва Ватани азизамон  саҳми арзанда гузоранд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: