ИШТИРОКДОРОНИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО АЗ МАКОНҲОИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ДИДАН КАРДАНД
Дирӯз як гурӯҳ меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз имкониятҳои сайёҳии дараи Ромит ва мавзеъи сайёҳии Арху дидан намуданд.
Меҳмононро роҳбарият ва шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо меҳмонавозии хоси тоҷикона пешвоз гирифтанд.
Бояд гуфт, ки дараи Ромит бо табиати зебо, обу ҳавои мусоид, рӯду дарёҳои пуртуғён, мавзеъҳои зиёди истироҳатӣ, парваришгоҳ - резервати «Ромит» дер боз чун минтақаи сайёҳӣ шуҳрат дорад.
Зимни боздид меҳмонон саҳми шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуданд.
Боиси хушнудист, ки таи чанд соли охир пешниҳодҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта мешаванд ва дар доираи ин тадбирҳо чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешаванд, ки ин дар баробари боло бурдани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ замина мегузорад.
Бо ин мақсад ҷиҳати муаррифии имконияҳои сайёҳии табииву таърихӣ, экологиву фарҳангӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ барои иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хатсайри сайёҳии Душанбе - Ромит - Арху - Душанбе, ба роҳ монда шуд.
Маврид ба гуфтан аст, ки Арху калимаи суғдӣ буда, баландӣ, баландмавзеъ ё баландмаконро ифода мекунад. Мавзеи Арху дар қисмати шарқии деҳоти Ромит дар масофаи 75 км дуртар аз шаҳри Ваҳдат воқеъ гардидааст. Арху ном гирифтани ин мавзеъ аз он ҷиҳат аст, ки болотар аз он деҳае бо ҳамин ном 60 сол пеш вуҷуд дошт ва солҳои 60-уми садаи 20 сокинони ин мавзеъро ба деҳаҳои нисбатан ҳамвор, наздики шаҳри Ваҳдат ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ муҳоҷир намуданд. Мавзеи мазкур дар баландии 1900 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Дар ин ин ҷо дарёе бо номи Рӯди пок ҷорист, ки обаш софу зулол мебошад. Дарёи мазкур аз чашмаҳо ғизо гирифта, ҳамеша сарду ҳаловатбахш аст. Дар ин мавзеъ ҳайвоноти гуногун маскан гирифтаанд. Дар дарёи Рӯди пок гулмоҳӣ, ки яке аз беҳтарин ва хушлаззаттарин моҳиҳо мебошад, мавҷуд аст.
Дар ин ҷо истироҳатгоҳи Арху воқеъ гардида, дорои меҳмонхонаи 5-ошёна дар шафати дарёи пуртуғёни Рӯди пок мебошад. Меҳмонхона аз 18 ҳуҷраи люкс иборат буда, дорои 28 рахти хоб мебошад. Ҳуҷраҳо дорои ҳамом, ҳуҷраи буғӣ ва дигар ашёҳои зарурӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо рӯзҳои 29–31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир шуда, яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар самти экология ва иқлим гардид.
Дар ин Конфронс зиёда аз 2600 намоянда аз 90 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, барномаи он ду ҷаласаи умумӣ, 12 нишасти мавзӯӣ, 2 мизи мудаввари сатҳи баланд, инчунин чорабиниҳои пешазконфронсӣ, аз ҷумла 8 форуми сатҳи баланд ва 17 чорабинии канориро дар бар гирифт.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


