РАВАНДИ ИНТИХОБОТ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

02 мар 2025, 11:26
Навид / Навигариҳо
29

 Дар ҳудуди ҳавзаи якмандатаи Ваҳдат №10, субҳи барвақт дар фазои идона бо садо додани Суруди миллӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси маҳаллии вакилони халқ оғоз гардид. Интихобкунандагон бо дарки масъулият ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҷонибдории ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои арзандаи хеш овоз медиҳанд.

Тавре мушоҳидаҳо аз субҳи барвақт нишон дод, рафти интихобот ва таваҷҷуҳи сокинони шаҳр ба ин чорабинӣ баёнгари он аст, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар сатҳи баланд, бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон ва озоду шаффоф доир хоҳад шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавзаи якмандатаи Ваҳдат №10, таъсис дода шудааст.

Дар ҳавзаи якмандатаи Ваҳдат №10, барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  85 участкаи интихоботӣ ташкил ва рақамгузорӣ шудааст. дар ҳавзаи мазкур 168 ҳазору 888 нафар  овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 635 нафар маротибаи аввал дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок менамоянд. Ҳамзамон, 209 нафар овоздиҳандаи имконияташон маҳдуд ба қайд гирифта шудааст.

Масъулони ҳавзаи интихоботӣ давоми рӯз, яъне то замони ҷамъбасти овоздиҳӣ, ки соати 20:00-и имшаб муқаррар шудааст, интихобкунандагоне, ки бо сабаби беморӣ ва ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада наметавонанд, аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихобот қуттиҳои сайёр ташкил карда шуда, дар ҳузури нозирону намояндагони воситаҳои ахбори омма ва шахсони боэътимод овоздиҳии онҳо пурра таъмин карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки интихобот дар ҷомеаи демократӣ падидаи муҳим маҳсуб меёбад ва иштироку таваҷҷуҳи имрӯзаи мардум дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо барои ояндаи давлату миллати худ бетараф нестанд ва бо интихоби номзади арзанда ва ё ҳизби сиёсӣ дар пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.

Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо риояи қонунҳои амалкунанда баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳр тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Аз ҷумла, дар участкаҳои овоздиҳӣ дастурамалу низомномаҳо, роҳнамо, нақшаи чорабинии тақвимӣ омода ва дастраси шаҳрвандону сохторҳои низоми интихоботӣ гардонида шудааст.

 

    

Ҳамчунин дигар наворҳо: