ШАҲРИ ВАҲДАТ.  БУНЁДКОРӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

26 фев 2025, 07:53
Слайдер / Кишоварзӣ / Навид / Навигариҳо
18


-Соли 2024 барои мардуми кишвар, бахусус сокинони шарафманди шаҳри Ваҳдат, хотирмону бобарор буд. Ин гӯшаи диёр, бо туфайли заҳмати содиқонаи фарзандонаш, ба дастовардҳои шоёни меҳнатӣ ноил гардид.

Зикр бояд намуд, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумат дар гӯшаву канори шаҳри Ваҳдат корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза касб карданд. Роҳҳои мумфаршшуда, кӯчаву гулгаштҳои тозаю озода, корхонаҳои навбунёд, муассисаҳои таълимӣ, хонаҳои баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти хуштарҳу замонавии маъмурию маишӣ далели ин гуфтаҳоянд, – иброз дошт Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳри Ваҳдат дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” ва афзуд:
– Сокинони шаҳри Ваҳдат барои ободу зебо гардондани як гӯшаи Ватани хеш бо ҳисси баланди ватандӯстию ифтихормандӣ  саъю талош доранд. Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд. Боиси тазаккур аст, ки  бахшида ба ин ҷашни милливу фархунда дар шаҳр бунёду навсозии беш аз 800 иншоот дар назар аст. То ин вақт 426 иншооти гуногунсамт ба истифода дода шуд. Феълан, дар шаҳр бо ташаббусу дастгириҳои мақомоти марбута, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар дигар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии шаҳр ба ҳисоб рафта, бобати таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, афзун гардондани имкониятҳои содиротӣ ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Ин соҳаи муҳим зери таваҷҷуҳи МИМҲД шаҳр қарор дорад. Имрӯзҳо дар шаҳр баробари афзудани маҳсулоти кишоварзӣ, гармхонаю корхонаҳои коркарди маҳсулот, ҳавзҳои моҳипарварию фермаи мурғпарварӣ бунёд гардида, дар ғанисозии бозори истеъмолӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Баҳри  амалӣ намудани дастурҳои Пешвои муаззами миллат бо заҳмати кишоварзон соли сипаригардида майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, бамаротиб афзуд. Бо мақсади таъмини фаровонии маводи ғизоӣ дар бозорҳои дохилӣ майдони кишти зироатҳо ба 17 237 гектар расонда шуд. 
Дар ин давра аз ҷониби масъулону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорон ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронда шуд, ки аз онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи он бо нархи арзон маҳсулоти хӯрокворӣ дастрас намуданд.

Як нуктаро мебоист зикр кард, ки имрӯзҳо, баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, дар шаҳри Ваҳдат низ ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Аз ҷумла, бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр бунёди 92 корхона дар назар буда, то ин замон 21-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли гузашта 10 корхонаю коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла шаш коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, корхонаҳои истеҳсоли мебел, воситаҳои шуштушӯй,  ячейкаҳо барои тухм ва зарфҳои пластикӣ ба истифода дода шуданд. 
Таъсиси ҷойҳои нави кор самти дигари фаъолияти МИМҲД маҳсуб ёфта, дар ин давра 13 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор гашта, 1363 нафар ба ҷойи кори доимию мавсимӣ, 290 кас ба корҳои ҷамъиятӣ ва 590 нафар ба касбомӯзӣ сафарбар шуданд.  Ҳамчунин, 2007 ҷойи нави кор таъсис ёфт.
Шаҳри Ваҳдат бо доштанаи манзараҳои зебои табиат, маконҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои сайёҳӣ машҳур аст. Бахусус, дараи Ромит яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии кишвар ба ҳисоб рафта, мавзеъҳои диданӣ, боду ҳавои мусоид, обҳои мусаффо ва набототу ҳайвоноти нодираш дер боз сайёҳонро мафтун кардааст. Тибқи арзёбии мутахассисони соҳа, дар дараи Ромит намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла экологӣ, муолиҷавӣ, рекреатсионӣ, кӯҳӣ, сайругаштӣ ва варзишӣ, рушд намудааст. Бо назардошти ин ва доштани иқтидору имкониятҳои зиёд, соли 2000-ум Ҳукумати мамлакат дараи Ромитро  минтақаи истироҳатӣ ва туризм эълон намуд. Як нукта боиси зикр аст, ки танҳо дар соли гузашта аз маконҳои сайёҳии шаҳр 71 ҳазор сайёҳ, аз ҷумла 820 сайёҳи хориҷӣ дидан кардааст, ки нисбат  ба   соли гузашта зиёд мебошад. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат минбаъд  низ барои татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол менамояд. 

 

Бознашр аз рӯзномаи

 “Ҷумҳурият

  

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: