ҒОЛИБИ  «ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ» МУАЙЯН ШУД

18 фев 2025, 13:45
Соҳаҳо / Ҷавонон ва варзиш / Навид / Навигариҳо / Слайдер
41

  Имрӯз мусобиқаи кушоди футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Ваҳдат», ки як моҳ дар шаҳр идома дошт, ҷамъбаст ва ғолибони он муайян  гардид. «Ҷоми раиси шаҳри Ваҳдат»-ро  футболбозони шуъбаи Вазорати корҳои дохили дар шаҳри Ваҳдат сазовор гардиданд.

Ғолибони ҷойи якум бо Ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, ҷойи дуюм бо медал, диплом ва туҳфаҳо ва ҷойи сеюм бо диплом, туҳфаҳо ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар мусобиқаи имсола 16 даста, аз раёсату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр фаъолона иштирок карданд.

Мухлисони сершумор аз ҳунарнамоии дастаҳои Мақомони иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шуъбаи Вазорати корҳои дохили дар шаҳри Ваҳдат, дар вохӯрии финалӣ ба ваҷд омада, ҳаловат бурданд. Ҳисобро дар қисми якуми бозӣ нахустин шуда футболбозони шуъбаи Вазорати корҳои дохили дар шаҳри Ваҳдат кушоданд. То анҷоми қисми аввали бозӣ онҳо бо ҳисоби 5:0 пешсафиро касб намуданд. Футболбозони Мақомони иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар қисми дуюм бисёр талош варзиданд, ки аққалан, ҳисобро кушоянд, аммо ҳарифонашон ҳуҷумҳои пай дар пайи онҳоро моҳирона бартараф сохта, дарвозаи худро аз гол эмин нигоҳ доштанд. Илова бар ин, дастаи милитсияи шаҳр дар чор ҳамлаи ҷавобӣ ба дарвозаи рақибон се голи беҷавоби дигар зада, пирӯзии худро бо ҳисоби калони 8:0 таъмин карданд ва беҳтарини даста будани худро исбот намуданд.

   Дар маросими ҷамъбастӣ, ки дар арафаи 23- юми феврал баргузор гардид, раиси шаҳри Мирзо Исмоилзода, ғолибон ва тамоми иштирокчиёни мусобиқаро бо Ҷашни 32- солагии  таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Мирзо Исмоилзода изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории чунин як бозии варзишӣ пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби васеи бозии футбол миёни аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва ҷалби омма ба варзиш мебошад. Боиси хушҳолист, ки Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9-уми феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.

   Ёдовар мешавем, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 май ба таври расмӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.

Раиси шаҳр дар вазъияти тантанавӣ «Ҷоми Раиси шаҳри Ваҳдат»-ро ба футболбозони милитсияи шаҳр туҳфа кард. Инчунин, иштирокчиёни фаъоли мусобиқа бо сипосномаву ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат сарфароз гардиданд.

 

 

  

   

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: