СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ, ВУСЪАТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат зери роҳбарии раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода бо иштироки муовинони раиси шаҳр, сардори раёсати кишоварзии шаҳр, раиси Кумитаи идораи замини шаҳр, сардори раёсати Агентии омор дар шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулон ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати ҷавонони ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кишту кори тирамоҳӣ доир гардид.
Дар кори ситод аъзоëни ситод ширкат намуда, аз натиҷаи таъмини ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва омодагӣ ба он маълумот доданд.
Ҳамчунин, раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода ба масъулини сохторҳои марбута дар муҳлатҳои муайяншуда ҷамъбаст намудани нақшаи даъвати тирамоҳӣ дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.
Гуфта шуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамаи масъулинро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти барои саривақт ва босифат иҷро кардани нақшаи даъвати наваскарон тамоми ҷораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ситод масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, таъмини иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ, аз ҷумла зироатҳои гуногун, инчунин, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки бо дарназардошти нақши муҳими соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисодиёти шаҳр, масъулини соҳа бояд ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираву имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҷиҳати сари вақт ва босифат баланд кишту кори тирамоҳӣ ва самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва таъмини рушди устувори соҳа ба масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо деҳқонону кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар ҳама самтҳои хоҷагидороӣ фаъолият бурда, барои истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ, ташкили гармхонаҳо, аз замин гирифтани 2-3 ҳосил дар як мавсим ва зиёд намудани майдони кишт талошу кушиш ба харҷ дода истодаанд.
Дар фарҷом гуфта шуд, ки тамоми соҳаҳои Мақомоти иҷроияи иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» омодагии ҷиддӣ дидааст.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Маълумоти таърих ӣ . Ва ҳ дат ша ҳ ри маъмурии тобеи ҷ ум ҳ ур ӣ буда, 17 сентябри соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Соли 1936 ба Ор ҷ оникидзеобод, соли 1991 ба Кофарни ҳ он ва аз соли




