РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА: Гусели ҷавонони ватандӯсти шаҳри Ваҳдат ба хизмати ҳарбӣ

01 окт 2026, 13:25
Слайдер / Навид / Соҳаҳо / Ҷавонон ва варзиш
0
  Имрӯзҳо дар гушаву канори гуногуни меҳани маҳбубамон маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҷараён дорад. Санаи 1- уми октябри соли равон дар қисми низомии 16772-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳифз ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ мебошад, ки яке аз онҳо Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад. Имрӯз ҷавонони бо нангу номуси шаҳр барои адои қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан-Модар ба ҳам омаданд ва баҳри хизмати содиқона камари ҳиммат бастаанд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки хизмат кардан ба Ватан – Модар бояд барои ҳар яки шумо ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм онро эҳтиёт намудан қарзи ҳар кадом аз фарзандони миллат аст. Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва истиқлол неъмати бебаҳои миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт, мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад. Маҳз, онҳо дар давраи хизмат имкон доранд, ки моҳияти мафҳуми Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои муҳимро ба анҷом расондааст. Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат карда, дар ҳама маврид ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ хоҳад кард гуфт, - раиси шаҳр.
Ҳамзамон, роҳбарияти шаҳр ба волидоне, ки фарзандонашон дар рӯзи аввали даъват ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд, сипосгузорӣ намуда, изҳори итминон карданд, ки ҷавонони ватандӯст ва хештаншиноси шаҳр ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбубамонро бо сари баланд ба ҷо оварда, баҳри таъмини зиндагии осоишта ва муҳофизати марзу буми Меҳан бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо руҳияи баланди садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.
Бояд гуфт, ки гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тайи чанд соли охир ба як маъракаи хотирмон табдил ёфтааст. Дар замони Истиқлолият, бо беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ аксар ҷавонон бо ҳиси баланди ватандӯстӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои саҳмгузорӣ дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ омодагӣ нишон медиҳанд. Падару модарон бо ифтихор аз писарони тарбиякардаи худ барои иҷрои сарбаландонаи ин қарзи фарзандӣ ба аскарони ҷавон дуои хайр медиҳанд.
Орифҷон Ҷалилов, яке аз наваскарон баромад карда гуфт: “Мо- ҷавонони кишвар, ба боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф шудаем, ки ин барои мо ифтихор ва масъулияти бузург аст. Вақте ки Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистонро ба мо ҷавонон бовар карда, гуфтаанд: “Ҷавонон ояндаи миллатанд”, гумон мекунам хизмати аввалиндараҷаи ҳар ҷавонмард ба Ватани азизамон шомил шудан ба Артиши миллӣ мебошад. Фаромӯш накунем, ки хизмати Модар – Ватан ин қарзи имонӣ ва ҷавонмардии ҳар яки мост!”
Ҳамчунин, дар чорабинӣ падару модарони наваскарон аз меҳру муҳаббат ва садоқат нисбат ба Ватан сухан карданд.
Ёдовар мешавем, ки беш аз 270 наваскар пеш аз гусел ба хидмати ҳарбӣ курси ронандагиро хатм намуда, ба онҳо ҳуҷҷати ронандагӣ супурда шуд. Ҳамзамон, модарони даъватшудагон бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда нон газонданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ҳунармандон барномаи ҷолиби таҳиянамудаи худро, ки аз суруду таронаҳои ватандӯстона иборат буд, манзури ҳозирон карданд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: