СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ

18 сен 2026, 09:09
Слайдер / Навид / Соҳаҳо
0
  
Субҳи 17-уми сентябри соли 2026, дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, зери роҳбарии раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода ситоди корӣ баргузор гардид.
Дар ситод муовинони раиси шаҳр ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор иштирок доштанд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ раиси шаҳр масъулонро ба корҳои кабудизоркунӣ, рангу бори иншоотҳо, ба тартибу низом даровардани кӯчаву маҳаллаҳо, роҳравҳо, бунёди иншоотҳои аз ҷиҳати меъмориву шаҳрсозӣ ва ба тартиб даровардани намои шаҳр дастуру супоришҳо доданд.
Мақсад аз ташкили ситод, вусъати корҳои ободонию созандагӣ буда, бо ин мақсад, таъкид гардид, ки корҳои ободонию созандагӣ, тозагию сабзу хуррам нигоҳдорӣ дар ҳудуди корхонаю идораҳо, кӯчаю маҳаллаҳо, нуқтаҳои савдо ва бозор, инчунин, дар ҳар як деҳа ҷоннок карда шавад.

Ҳамчунин дигар наворҳо: