МАҶЛИСИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

14 сен 2026, 09:11
Слайдер / Соҳаҳо / Навид
0

  Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат таҳти раёсати раиси шаҳр муҳтарам Исмоилзода Мирзо Иброҳим маҷлиси назоратии раиси шаҳр доир гардид.
Дар ҷаласа муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, раисони ҷамоатҳо, инчунин, дигар намояндагон иштирок доштанд.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, зимистонгузаронӣ, иншооти ҷашнӣ, кишоварзӣ ва тозагию ободонии кӯчаҳои шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баррасӣ гардид.
Ҳамзамон, дар идомаи ҷаласаи корӣ аз пешрафт ва фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат баҳо дода, инчунин, таъкид намуданд, ки ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликият дар амалӣ ва татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф мебошанд.
Дар фарҷом раиси шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти самаранок ва баҳри иҷрои нақшаҳои пешгузошта, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, корҳои тарғиботиву иттилоърасонӣ ба мардум, даъвати аҳолӣ ба саҳмгузорӣ дар ободониву бунёдкорӣ ва дигар тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: