БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр, муовинони раис, дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар сокинони шаҳр иштирок доштанд.
Ба ифтихори ҷашни миллӣ гирду атрофи варзишгоҳ бо шиорҳо ва парчамҳои миллӣ оро дода шуда, дар ҳар канори он сокинону меҳмонон шодӣ мекарданд. Сипас, чорабинӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Мирзо Исмоилзода, дар баромад иброз доштанд: “Имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвар сокинони шарафманди шаҳри Ваҳдат зери сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат, ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ ва дар шахсияти Шумо тамоми сокинони шаҳрро бо ин Ҷашни муқаддас табрику муборакбод намуда, ба Шумо хонаободӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Бояд гуфт, ки Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳр дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси давлатдорӣ баргузор гардида, бори дигар собит намуд, ки Истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллӣ заминаи асосии пешрафт ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мебошанд.
Сурудҳои ватандӯстона, рақсу тарона ва дигар барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки сарояндаҳои саршиноси кишвар ба чорабинӣ шукӯҳи хосса бахшида, фазои идонаи чорабиниро боз ҳам пурра намуданд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Маълумоти таърих ӣ . Ва ҳ дат ша ҳ ри маъмурии тобеи ҷ ум ҳ ур ӣ буда, 17 сентябри соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Соли 1936 ба Ор ҷ оникидзеобод, соли 1991 ба Кофарни ҳ он ва аз соли




