МАШВАРАТИ КОРИИ РАИСИ ШАҲР ОИД САЗОВОР ҶАШН ГИРИФТАНИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Санаи 4-уми сентябри соли 2026, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, зери роҳбарии раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ машварати назди раиси шаҳр доир гардид.Дар он муовинони раиси шаҳр, сардорони шуъбаю мудирони бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулон иштирок карданд.
Дар машварати корӣ раиси шаҳр ба масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани паради ҳарбӣ, роҳпаймоии идона, маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд
Гуфта шуд, ки сокинони заҳматкашу ватандӯсти шаҳр барои ободу зебо гардониданӣ як гӯшаи Ватани хеш бо дилу нияти нек ва бо ҳисси баланди ватандӯстию ифтихормандӣ дар ободу пешрафти шаҳри худ дастаҷамъона саъю талош доранд. Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамчунин, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша, шаҳраку деҳоти он рӯз аз рӯз зебо гашта, бунёди иншооти муҳими таъйиноташон гуногун, инчунин, таъмиру азнавсозии роҳҳои кӯчаю маҳаллаҳо ба шаҳр ҳусни нав зам намудаанд.
Ҳоло Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо сокинони заҳматкашу меҳнатқаринаш ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҳамаҷониба гирифта, ният доранд, ки ин ҷашнро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.
Муҳтарам Мирзо Исмоилзода ба масъулон оиди дар сатҳи баланд гузаронидани Ҷашни миллӣ дастуру супоришҳо доданд.
Гуфта шуд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар партави сиёсати ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшиши худро барои таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум равона кардааст.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Маълумоти таърих ӣ . Ва ҳ дат ша ҳ ри маъмурии тобеи ҷ ум ҳ ур ӣ буда, 17 сентябри соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Соли 1936 ба Ор ҷ оникидзеобод, соли 1991 ба Кофарни ҳ он ва аз соли



