ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

04 сен 2026, 12:31
Слайдер / Навид / Соҳаҳо
1
  Имрӯз ба ифтихори Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 152- и шаҳри Ваҳдат чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар ин рӯз, сокинону меҳмонон бо рӯҳияи болида ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ дар азди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152 ҷамъ омада, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҷашнро таҷлил намуданд.
Дар чорабинӣ раиси шаҳр Исмоилзода Мирзо Иброҳим, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҶСК "Барқи тоҷик" Асозода Маҳмадумар Шамсулло, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони раёсату шуъбаҳои назди мақомот, собиқадорон ва фаъолону сокинони шаҳр иштирок доштанд.
Маросими идона аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои илмиву фарҳангии мардуми шарафманди шаҳри Ваҳдат ҳусни оғоз ёфта, меҳмонон аз маҳсули эҷодии адибон, олимон, рассомон, деҳқонон, ҳунармандон ва варзишгарон ошноӣ пайдо намуданд.
Баъди намоиши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар муассисаи мазкур маросими расмии бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Нахуст, раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, меҳмонону сокинонро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ муборакбод намуда, иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин неъмат ва асоси сарнавишти ободу осоиштаи мардуми тоҷик мебошад. Ӯ таъкид кард, ки маҳз бо шарофати Истиқлол ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Инчунин, раиси шаҳр зимни баромади хеш бо ёдоварӣ аз дастовардҳои меҳнатии заҳматкашони шаҳри Ваҳдат солҳои соҳибистиқлолии кишварро муҳимтарин даврони рушду ободонии ин гӯшаи диёр арзёбӣ дошт.
Дар идома роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, раиси ҶСК "Барқи тоҷик" Маҳмадумар Асозода суханронӣ намуда, аҳаммияти таърихиву сиёсӣ ва арзиши ҷаҳонии Истиқлоли давлатиро шарҳ дода, ин ҷашни муқаддасро ба сокинони шаҳр табрик карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар арафаи Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба як қатор фаъолон бо мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаю сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат сарфароз гардонида шуданд.
Барномаи фарҳангӣ ва консертии идона, ки иборат аз шеъру тарона, рақсу сурудҳои ватандӯстона, бо иштироки ҳунармандони ҷумҳурӣ ҷашнвораро боз ҳам рангинтар намуд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: