ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРДИ КӮЧАИ ХУРОСОН
Имрӯз бо иштироки раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода корҳои мумфаршкунии роҳҳои автомобилгарди кӯчаи Хуросони шаҳри Ваҳдат оғоз ёфт. Ин иқдом дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» роҳандозӣ гардида, нишонаи равшани саҳми шахсони саховатпеша ва сокинон дар ободии шаҳр маҳсуб мешавад.
Корҳои мумфаршкунии роҳҳои автомобилгарди кӯчаи Хуросон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳми соҳибкорони бонангу номус ва дастгирию хайрандешии сокинон ба роҳ монда шуда, тибқи нақша кӯчаи мазкур бо сифати баланд мумфарш хоҳад шуд.
Иқдоми мазкур на танҳо мушкилоти нақлиётии сокинонро бартараф хоҳад кард, балки симои зебои шаҳро боз ҳам ҷилотар намуда, муҳити муносиб барои зиндагӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меорад.
Маврид ба ёдоварист, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва ҳашари оммавӣ то ин муддат бо шарофати Истиқлоли давлатӣ симои деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр низ ба куллӣ дигар гардида, қомат афрохтани силсилабиноҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои солимгардонӣ, марказҳои савдову хизмати маишӣ, мағозаҳои молҳои талаботи ҳаррӯза симои шаҳрро диданиву назаррабо гардонидаанд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ин амали нек дар натанҳо дар маркази шаҳр, балки дар деҳотҳо низ бо роҳи ҳашар ва маблағгузории соҳибкорону аҳолии саховатпеша идома дорад.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Маълумоти таърих ӣ . Ва ҳ дат ша ҳ ри маъмурии тобеи ҷ ум ҳ ур ӣ буда, 17 сентябри соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Соли 1936 ба Ор ҷ оникидзеобод, соли 1991 ба Кофарни ҳ он ва аз соли




