Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод

29 июл 2026, 12:00
Слайдер / Навид
3

 

Саноат яке аз соҳаҳои афзалиятноки шаҳри Ваҳдат маҳсуб шуда, дар ташкили ҷойи нави кор ва ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ нақши афзалиятнок дорад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои расман бақайдгирифташудаи шаҳри Ваҳдат дар нимсолаи якуми соли 2026 608 миллиону 865 ҳазор сомониро ташкил дод. Чунин гуфта шуд 29 июл зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат.

Дар нимсолаи якуми соли 2026 332 нафар шаҳрвандони бекор ба даврҳои гуногуни кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Барои дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна ба 25 нафар ба маблағи 141 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуданд.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории замин аз тарафи мутахассисони Кумитаи идораи замини шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди шаҳр санҷишҳо гузаронида шуданд. Зимни онҳо 207 ҳолати қонунвайронкунии замин ошкор ва нисбат ба қонунвайронкунандагон ба маблағи 153,1 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.

Ҳамчунин дигар наворҳо: