МАШВАРАТИ КОРӢ ОИД БА ВУСЪАТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Таъкид гардид, ки бо дарназардошти нақши муҳими соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисодиёти шаҳр, масъулини соҳа бояд ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираву имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Раиси шаҳр зимни суханронӣ ба масъулини соҳа барои дар муҳлатҳои муайяншуда анҷом додани корҳои агротехникӣ, нигоҳубини босифати киштзорҳо ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, муҳтарам Мирзо Исмоилзода, оид ба бақайдгирии омории соҳаи кишоварзӣ, тақвияти фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ, вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ ва таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда ибрози назар намуда, аз масъулин даъват ба амал овард, ки барои рушди соҳа ва ба даст овардани ҳосили фаровон тамоми имкониятҳоро сафарбар намоянд.
Дар фарҷоми машварат ҷиҳати сари вақт ва босифат баланд ҷамъоварии ҳосил аввал, инчунин, вусъати кишту кори токрорӣ ва самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва таъмини рушди устувори соҳа ба масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо деҳқонону кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар ҳама самтҳои хоҷагидороӣ фаъолият бурда, барои истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ, ташкили гармхонаҳо, аз замин гирифтани 2-3 ҳосил дар як мавсим ва зиёд намудани майдони кишт талошу кушиш ба харҷ дода истодаанд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Маълумоти таърих ӣ . Ва ҳ дат ша ҳ ри маъмурии тобеи ҷ ум ҳ ур ӣ буда, 17 сентябри соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Соли 1936 ба Ор ҷ оникидзеобод, соли 1991 ба Кофарни ҳ он ва аз соли



