БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИР АЗ ВАЗЪИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ШАҲР
Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Ваҳдат имрӯз 11-уми июни соли 2026, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, масъулони Вазорати кишоварзӣ ва дигар намояндагони соҳа ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, аз ҳолати самаранок истифода бурдани замин дар шаҳр, иҷрои нақшаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, кишти картошка, кишти пахта, истеҳсоли пилла, ҳолати обёрии заминҳо, тозагии ҷӯйу заҳбур ва тозагии гирду атрофи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуданд.
Дар ҷараёни боздид муовини Сарвазири мамлакатро раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмолизода, масъулини соҳаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар намояндагони соҳаи кишоварзии шаҳр ҳамроҳӣ намуданд. Зимни боздид аз як қатор заминҳои кишоварзии ҷамоатҳои деҳот, дидан карданд.
Ҳамзамон муовини Сарвазир бо ҳолати кунунии нашъунамои ҳосили кишту кори баҳорӣ шинос гардиданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳолати нигоҳубини босифати ниҳолҳои пахта, риояи агротехникаи дуруст ва истифодаи самараноки нуриҳо равона гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки бо роҳандозӣ намудани тадбирҳои саривақтӣ ва корбарии дуруст, алҳол ниҳолҳои пахта дар марҳилаи муътадили нашъунамо қарор дошта, рафти корҳои сарчинкунӣ, обмонӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва дигар чорабиниҳои марбути соҳа бамаврид ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии истеҳсолот, тадбирҳои иловагии агротехникӣ амалӣ шуда истодаанд. Сулаймон Зиёзода ҷиҳати таҳкими чорабиниҳои агротехникӣ, истифодаи самараноки обу нуриҳо ва тақвияти фаъолияти масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷом муовини Сарвазир фаъолияти кишоварзони шаҳро мусбат арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бо амалӣ кардани чунин тадбирҳои саривақтӣ, масъулиятшиносӣ ва талошҳо, кишоварзон метавонанд ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардида, дурнамои пешбинишуда дар сатҳи зарурӣ таъмин карда мешавад.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо деҳқонону кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар ҳама самтҳои хоҷагидороӣ фаъолият бурда, барои истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ, ташкили гармхонаҳо, аз заминҳо гирифтани 2-3 ҳосил дар як мавсим ва зиёд намудани майдони кишт талошу кушиш ба харҷ дода истодаанд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ВАҲДАТ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум доир гардид.




