БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ ФФТ АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ШАҲР

11 июн 2026, 07:52
Соҳаҳо / Навид / Ҷавонон ва варзиш
6
    Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 10-уми июни соли равон намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд. Тазаккур бояд дод, ки бо ташаббус ва дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё чаманзори варзишгоҳи марказии шаҳр пурра азнавсозӣ ва ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Намояндагони Федератсия оид ба ҳарчи зутар ҳал намуданӣ мушкилиҳои ҷойдошта ба масъулон тавсияҳо доданд. Инчунин, гуфта шуд, ки беҳтар шудани шароит ба рушти соҳаи варзиш ва афзудани дастовардҳои варзишгарони шаҳр мусоидат хоҳад кард. Тибқи супоришҳо мутахассисони соҳа айни замон он камбудиҳое, ки дар варзишгоҳ мавҷуданд, барои сари вақт бартараф кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Бояд гуфт, ки оид ба супоришҳои дар болозикр дар шаҳр ситоди корӣ зери роҳбарии раиси шаҳр, сардори ситод ташкил шуда рафти корҳои онро ҳарӯза зери назорат мегиранд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: