Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд

10 июн 2026, 09:43
Соҳаҳо / Ҳолатҳои фавқулодда / Навид
4
  Ваҳдат: 9.06.2026. Маврид ба зикр аст, ки бо фаро расидани мавсими оббозӣ, мутаассифона ҳодисаҳои зиёди ғарқшавии кӯдакону наврасон дар кӯлу дарёҳо, каналҳо ва дигар маконҳои хатарнок ба қайд гирифта мешаванд. Аксари чунин ҳодисаҳои нохуш дар натиҷаи беэҳтиётӣ, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ ва беназорат мондани ноболиғон рух медиҳанд.
Имрӯз оиди пешгирии чунин ҳодисаҳо бо иштироки намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси шаҳр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 152 бо хонандагон вохӯрӣ гузаронида шуд.
Гуфта шуд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз шиноварӣ дар маконҳои хатарнок ва ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш аз сокинону меҳмонони мамлакат, бахусус волидайни наврасон хоҳиш менамояд, ки дар соҳили обҳо ва ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, фарзандони хурдсолашонро ҳангоми оббозӣ беназорат нагузоранд. Зеро баъзе наврасон қоидаҳои асосии шиновариро намедонанд, ки оқибати он ба нохушӣ мебарад.
Зимни вохӯрӣ қоидаҳои шиноварӣ ва дуруст риоя намудани онҳо ва ёрии аввалияро ба хонандагон нишону шаҳр доданд.
Масъули Кумита зимни баромади худ баён дошт, ки бо оғоз гардидани мавсими шиноварӣ масъулини дахлдор бо сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ суҳбату вохӯриҳо анҷом дода, ба онҳо қоида ва маконҳои онро шарҳ медиҳанд. Новобаста аз ҳушдорҳои қатъии масъулин, сокинони ҷумҳурӣ дар чунин дарёҳо худсарона ба оббозӣ машғул шуда, ҳаёти худу наздиконашонро дар хатар мегузоранд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: