Сокинони деҳаи Меҳрбахши шаҳри Ваҳдат бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд

09 июн 2026, 16:43
Соҳаҳо / Навид
4
  ВАҲДАТ,09.06.2026/АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Меҳрбахши Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат нуқтаи оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.
Сокинони деҳаи Меҳрбахш солҳо боз аз нарасидани оби нӯшокӣ мушкилӣ мекашиданд. Хушбахтона, бо ташаббуси шахсони саховатпеша ва бо саҳми сокинон аз чуқурии 175 метр об бароварда шуда, сокинони зиёда аз 270 хоҷагии деҳаи Меҳрбахш бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд.
Раиси Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат Умед Муродзода иброз намуд, ки сокинону соҳибкорони деҳаи Меҳрбахш дар баробари кандани чоҳҳои амудӣ, инчунин бинои маркази саломатии деҳаи Меҳрбахшро бунёд намуданд, ки он дар арафаи анҷомёбист. Ин маркази саломатӣ барои 12 ҳазор аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад.
Ҳамчунин, дар ин ҷамоат то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ симчӯбҳои чӯбини хатҳои барқро бо симчӯбҳои бетонӣ иваз намуда, роҳҳои дохили деҳаро пурра мумфарш менамоянд.
Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов бунёд ва ба истифода додани 70 иншоот мухталиф ба нақша гирифта шудааст, ки то ба имрӯз бо нақшаи иловагӣ 72 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон дар ҳудуди деҳаҳои ҷамоат бештар мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ ҷараён дорад.

Ҳамчунин дигар наворҳо: