Дар назди мактаби №35-и деҳаи Шоразми шаҳри Ваҳдат бинои иловагии таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ сохта мешавад

09 июн 2026, 16:23
Слайдер / Соҳаҳо / Навид
3
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Шоразми Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат бинои иловагии таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ бунёд карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад.
Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода бо рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкур шинос шуда, зимни суҳбат бо масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани онро таъкид намуд.
Иншооти мазкур бо мақсади иҷрои барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мегардад. Муассисаи таълимӣ аз тарафи Бонки Осёии Рушд сохта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат бунёди 800 иншоот ба нақша гирифта шуда, то инҷониб зиёда аз 650 иншооти таъйиноти гуногун сохтаву ба истифода дода шудааст. Инчунин, зиёда аз 120 километр роҳи маҳаллӣ таъмир гардидааст.
Сохтмони биноҳои маъмурӣ, аз ҷумла соҳаи маорифу тандурустӣ ва биноҳои истиқоматии баландошёнаи муосир симои шаҳри Ваҳдатро ба таври шинохтанашаванда дигаргун намудааст.

Ҳамчунин дигар наворҳо: