Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад
Санаи 7-уми июни соли 2026, дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» -и шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангии шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад.
Тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, рӯзҳои фарҳангӣ давоми сол тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд. Дар назар аст, ки шаҳри Ваҳдат барномаи фарҳангиро пешниҳоди сокинони пойтахт намоянд.
Бо мақсади таблиғ намудани ҳунарҳои мардумӣ Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Ваҳдат ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинӣ чанде пеш раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода, ҳамроҳ бо муовинони раис ва масъулони соҳаҳо дар дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ ситоди корӣ ташкил намуданд.
Муҳтарам Мирзо Исмоилзода, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Ваҳдат ба муовинон ва масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар назар аст, ки ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барои болидаруҳ гардонидани сокинони Душанбешаҳр ҳунарнамоӣ намуданд. Раёсати маориф, бахши ҷавонон ва дигар бахшу сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қуроқдузӣ, шероздузӣ, атласбофию адрасбофӣ, кандакорӣ ва кадбонуҳои шаҳр намудҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ, нону кулча, қаламаю чапотӣ ва намуди анвои аз орд истеҳсолшавандаро ба маъраз мегузоранд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



