МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР ВАҲДАТ

26 май 2026, 08:24
Слайдер / Соҳаҳо / Навид
1
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат таҳти раёсати раиси шаҳр муҳтарам Исмоилзода Мирзо Иброҳим маҷлиси назоратии раиси шаҳр доир гардид.
Дар кори ҷаласа масъалаҳо сазовор Ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҷиҳати пешгирии аз офатҳои табиӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, иҷрои саривақтии нақшаи андоз ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Дар идомаи ҷаласаи корӣ аз пешрафт ва фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат баҳо дода, ҳамзамон, таъкид намуданд, ки ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликият дар амалӣ ва татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф мебошанд. Ҳамзамон, дар рафти маҷлис гузориши сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Фарзон Иброҳим шунида шуд.
Дар фарҷом раиси шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти самаранок ва баҳри иҷрои нақшаҳои пешгузошта, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, корҳои тарғиботиву иттилоърасонӣ ба мардум, даъвати аҳолӣ ба саҳмгузорӣ дар ободониву бунёдкорӣ ва дигар тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: