Ҷавонон – парчамбардори имрӯз ва фардои миллат! Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Ваҳдат

22 май 2026, 16:11
Соҳаҳо / Навид / Ҷавонон ва варзиш
1
  Санаи 22-юми майи соли 2026, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар маркази шаҳри Ваҳдат роҳпаймоӣ баргузор гардид. Садҳо нафар ҷавонони саодатманди диёр дар маркази шаҳр роҳпаймоӣ намуданд.
Сипас, дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳр ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонон чорабинии идона доир гардид.
Муовини раиси шаҳр Ғаюрзода Нарзулло Файзулло дар суханронии худ, кулли ҷавонони кишваро, бахусус, ҷавонони Меҳандӯсти шаҳрро ба ин муносибат табрик гуфта ва зикр намуданд, ки шумо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа далерона фаъолият намуда, дар пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла шаҳр ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат карда, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми назаррас мегузоред.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар зарфи наздик ба 35-соли соҳибистиқлолии кишвари азизамон, дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Ҷавононро зарур аст, ки дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз ҳуввияти миллии хеш устувор бошанд. Чуноне давлату Ҳукумат ба ҷавонон такя карда, онҳоро ояндаи халқу пойдории миллат меноманд, онҳо низ бояд баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ва рушду нумуи он ҳамеша ҳушёру омода бошанд. Инчунин, дар рафти чорабини ба муносибати Рӯзи ҷавонон ба як қатор ҷавонони фаъоли шаҳр сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Ҳамчунин, дар охир барномаи идона бо иштироки сарояндагони ҷумҳурӣ манзури бинандагон гардонида шуд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: