ҶАЛАСАИ ФАЪОЛОНИ ШАҲР ДОИР БА НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ДАР 4 МОҲИ СОЛИ РАВОН  

18 май 2026, 12:14
Слайдер / Навид / Соҳаҳо
10

  Санаи 18-уми майи соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Ваҳдат маҷлиси фаъолони шаҳр доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар чормоҳаи соли равон баргузор гардид.

Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, итилоъ дод, ки дар он муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони идораву ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳузур доранд.

Бо таҳлили вазъи соҳаҳо раиси шаҳр барои ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ба таҳсили пурра фаро гирифтани кӯдакону наврасон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла бегонапарастӣ, тарғиби фарҳангу либоси миллӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ, ташкили озмунҳои китобхонӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, истифодаи самараноки замин, риояи структураи кишти зироатҳо, фаъолсозии пойгоҳҳои обкашӣ, иҷрои нақшаи кишти пахтаву картошка, таъмини рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо ба муовинони раиси шаҳр ва роҳбарону фаъолон супоришҳои мушаххас доданд.    

Ҳамзамон, дар маҷлис сокинони шаҳр, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доштанд. Бо Диплом ва ифтихорномаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, дар Фестивал–озмуни ҳунармандону косибон «Беҳтарин усто ва шогирд» усто Мамлакат Раҳимова ва шогирд Заррина Сайфиддинова иштирок намуда сазовори ҷойи сеюм шуданд.

Мирзо Исмоилзода, дар охир изҳори боварӣ намуд, ки сокинони шарафманди шаҳри Ваҳдат бо меҳнати содиқонаи худ ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: