ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ МУҲТАРАМ МИРЗО ИСМОИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Имсол 81 –умин солгарди Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар саросари кишварамон ва ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ чорабиниҳои тантанавӣ доир мешаванд.
Ғалабаи халқҳо дар ин ҷанги бемисл ҳамчун тантанаи ягонагиву муттаҳидӣ, сарҷамъиву пирӯзии халқҳо, намунаи барҷастаи ҷасорату мардонагӣ ва далерию корнамоиҳои фарзандони ҷоннисор дар дифои Ватан шинохта шудааст.
Солҳои 1941-1945 дар таърихи башарият ба сифати мудҳиштарин ҷанг ёд мешавад. Хушбахтона, дар он ҷанги пурфоҷиа пирӯзӣ бар фашизм маҳз дар натиҷаи муборизаи далерона ва қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таъмин карда шуд.
Танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба даъват ва сафарбар карда шуда, аз ин шумора беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок ва даҳҳо ҳазори дигар беному нишон шуданд ва аксари онҳое, ки аз ҷанг баргаштанд, маъюб буданд.
Зиёда аз 55 ҳазор нафар тоҷикистонӣ барои ҷасорату мардонагӣ бо ордену медалҳои давлатӣ сарфароз гардида, 54 нафари онҳо соҳиби унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шуданд.
Аз шаҳри Ваҳдат низ зиёда аз 10 ҳазору 743 нафар ҷавонмардони баору номус баҳри ҳифзи хоки муқаддаси Ватанамон сафарбар шуда, беш аз 7 ҳазор нафарашон дур аз Тоҷикистон, барои ҳифзи Ватан ба ҳалокат расиданд.
Дар ақибгоҳ низ калонсолон ва наврасону кӯдакон барои бо озуқаворӣ, сарулибос ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин намудани ҷанговарон заҳмати зиёд мекашиданду дар таъмини ғалаба ҳиссагузорӣ мекаранд.
Ҳамчунин, мардуми Тоҷикистон барои бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ таъмин кардани артиш аз ҳисоби маблағҳои ҷамъкардаашон кўмак мерасониданд.
Беш аз 2700 нафар ҷанговарони шаҳри Ваҳдат пас аз фатҳи Ғалаба, бо сари баланд ва шоду масрур ба Ватан баргашта, дар ҳама ҷабҳаҳои муҳими ҳаёт аз ҷумла дар барқарорсозии оқибатҳои ҷанг фаъолона иштирок намуда, дар баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат, рушду нумуи соҳаҳо ва сохтмони иншооти азим ҳиссагузорӣ менамуданд.
Бинобар ин, ҳамчун ватандўстони асил бар зидди ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ бархоста, сиёсати хирадмандонаи Сарвари ҷавони давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ ва баҳри хатми ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ талош карданд. Хушбахтона, ҷанг хотима ёфта, сулҳу субот барқарор гардид.
Имрӯз ягон нафар аз иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳр умр ба сар набаран ҳам, хизматҳои пурарзишашон дар фатҳи Ғалаба бар фашизм, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва бунёдкориву созандагиҳои кишварамон ҳеҷ гоҳ аз саҳифаҳои таърихи диёрамон зудуда нахоҳанд шуд.
Имрӯзҳо шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ карда, барои ватанамонро боз ҳам ободтар, давлатамонро пешрафтатар, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардоштан аҳлона заҳмат бикашем.
Ба саҳифаҳои ибратбахши таърихи халқамон рӯй овардан, корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Меҳанамон барои таҳкими амну оромии ҷомеа омӯхтан дар роҳи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ бениҳоят муҳим мебошанд.
Пеш аз ҳама, ҷавононамон, ки Пешвои муаззами миллат онҳоро ояндаи миллат ном бурдаанд, бояд ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ватандўстӣ дошта бошанд.
Дар ҳама ҷабаҳаҳо, аз ҷумла барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ бо амри дил, яъне ихтиёран сафарбар шудан, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва зиндагии орому осоиштаи миллатамонро чун сипари боэътимод ҳифз намудан ҳамеша омода бошанд.
Итминони комил дорем, ки ҷавонписарони диёрамон бори масъулияти ҳифзу ҳимояи Ватан, падару модар ва халқи азизамонро қарзи фарзандии худ шуморида, дар ин ҷода пешсафиро ҳеҷ гоҳ аз даст нахоҳанд дод.
Зеро ки идома додани анъана ва рисолати ҷавонмардонаи бобоёну падаронамон дар бобати ҳифзи марзу буми Ватан мақсаду мароми ҷавонмардони асили миллатдӯсту ватанпараст мебошад.
Дар анҷом бо умеди пойдории сулҳу суботи саросарии дунё ҳамаи шумо ҳамдиёрон, собиқадорони Меҳнат ва мардуми шарифи диёрро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба бар фашизм самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар фарди диёрамон тандурустиву хонаободӣ ва ба кишвару миллати маҳбубамон пойдориву осоишу пешрафти ҷовидониро орзу менамоям.
Ҷашни пирӯзӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Маълумоти таърих ӣ . Ва ҳ дат ша ҳ ри маъмурии тобеи ҷ ум ҳ ур ӣ буда, 17 сентябри соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Соли 1936 ба Ор ҷ оникидзеобод, соли 1991 ба Кофарни ҳ он ва аз соли




