КУМАКИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ

06 май 2026, 14:09
Слайдер / Навид
0
 Шоми 5 - уми майи соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва бо супориши раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, маводи хӯрокворӣ ва лавозимтоҳои рӯзгор ба зарардидагони офати табии дар шаҳри Кӯлоб расонда шуд.
Маврид ба гуфтан аст, ки ин ташаббус дар заминаи сиёсати инсонпарварона ва ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, намунаи равшани ҳамдилӣ, муттаҳидӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстии ҷомеа ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва мардуми ватандӯсти он дар ҳама ҳолат бо сокинону бошандагони шаҳри бостонии Кӯлоб дар ҳамкориву ҳамбастагии доимӣ қарор дошта, дастгириву ғамхории пайвастаро ба роҳ мондааст.
Дар ин рӯзҳои сахту пурмусибат, ки дар пайи рух додани офати табиӣ, ки боиси обхезӣ ва омадани сел гардид, як қатор манзилҳои истиқоматӣ ва инфрасохтори ёрирасон зарар диданд, мардуми Ваҳдат наметавонанд худро дар канор гиранд. Ҳамеша ва дар ҳама ҳолат сокинони шаҳр омодаанд ба ҳамватанони худ дасти ёрию кумак дароз намоянд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: