БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР ДЕҲОТИ ГУЛИСТОН ВА КАРИМ ИСМОИЛ

05 май 2026, 12:37
Соҳаҳо / Навид
8
 Ваҳдат: 5.05.2026:Имрӯз дар Ҷамоатҳои деҳоти Гулистон ва Карим Исмоил вохӯрии муовини прокурори шаҳри Ваҳдат Орзу Қурбонзода ва муовини раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода, оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар вохӯрӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони як қатор раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои назди мақомот, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, вакилони ҷамоатҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Таъкид шуд, ки мавсими даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чорабиниҳои муҳими сиёсию ташкилӣ маҳсуб ёфта, барои саривақт иҷро кардани нақшаи пешбинишуда, ҷалби ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани онҳо аз ҳар яки дар шаҳравнд вобастагӣ дорад.
Гуфта шуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамаи масъулинро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи деҳот барои саривақт ва босифат иҷро кардани нақшаи даъвати наваскарон тамоми ҷораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дар хотима масъулон бо вазифагузориҳои мушаххас суханронӣ намуда, аз ҳар яки масъулин талаб карданд, ки корҳои омодагиро пурзӯр карда, дар фурсати кӯтоҳтарин нақшаи даъватро иҷро намоянд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: