Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» дар шаҳри Ваҳдат
Дар шаҳри Ваҳдат даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид.
Фестивал-озмун тибқи талаботи Низомнома аз рӯи 3 номинатсия доир гардида, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадимаи маҳал, рӯзмарра, маросимӣ ва идона, расмӣ, беҳтарин либоси миллии атласу адрас, навъи гуногуни сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, шоҳӣ, атласу адрас, гулбасту алоча, гардӣ, тоқиву ҷӯроб, шероз ва ресмонбофӣ, беҳтарин қаламкаш ва беҳтарин навори видеоӣ оид ба фаъолияти тарроҳону ҳунармандони пойтахт ба роҳ монда, манзури меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал гардид.
Дар фарҷом беҳтаринҳо барои иштирок дар даври вилоятии фестивал-озмун роҳхат гирифтанд. Ин нишони қадршиносии заҳмат ва маҳорати онҳо дар рушди ҳунарҳои миллӣ арзёбӣ мегардад.
Баргузории чунин фестивалҳо заминаи мусоид барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва муаррифии арзишҳои миллии тоҷикон дар сатҳи баланд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



