ОИД БА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ВОХӮРӢ ДОИР ШУД

27 апр 2026, 11:19
Слайдер / Соҳаҳо / Навид
4
 Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ дар заминаи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки сардори раёсати муқомат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Акмалзода Нодир Носир, сарнозири раёсати муқомат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Баҳроми Бобо вохӯрӣ доир гардид.
Ҳамзамон, раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, муовинони раиси шаҳр, расони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мудирони бахшу шуъбаҳои назди мақомот иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба таърихи пайдоиши коррупсия ва марҳилаҳои ташаккули он, таҷрибаи давлатҳои муваффақи ҷаҳон дар муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб, инчунин, вобаста ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълумоти муфассалу таҳлилӣ пешниҳод гардид.
Ҳачунин, зимни вохӯрӣ масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили муқовимат бо коррупсия, амалисозии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим, таълиму тарбияи кӯдак, мубориза бо терроризму экстремизм, пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои мубрам сухан гуфтанд.
Иброз гардид, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ва зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ буда, муқовимат бар зидди он рисолати ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ дониста мешавад.

Ҳамчунин дигар наворҳо: