МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР ВАҲДАТ

27 апр 2026, 10:02
Соҳаҳо / Навид
3
Дар кори ҷаласа масъалаҳо сазовор Ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани кишти пахта, зироатҳои кишоварзӣ, зиёд намудани истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, иҷрои саривақтии нақшаи андоз ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Дар идомаи ҷаласаи корӣ аз пешрафт ва фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат баҳо дода, ҳамзамон, таъкид намуданд, ки ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликият дар амалӣ ва татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф мебошанд.
Дар фарҷом раиси шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти самаранок ва баҳри иҷрои нақшаҳои пешгузошта, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, корҳои тарғиботиву иттилоърасонӣ ба мардум, даъвати аҳолӣ ба саҳмгузорӣ дар ободониву бунёдкорӣ ва дигар тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: