ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ДЕҲОТИ БОЗОРБОЙ БУРУНОВ
Дар тантанаҳои наврӯзӣ раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо иштирок доштанд.
Меҳмононро санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр ва сокинони деҳот бо навои карнаю сурнай дар Ҷамоат пешвоз гирифтанд. Сокинон бо қироати шеърҳо дар васфи Наврӯз меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, раиси шаҳр аз хаймаҳои наврӯзӣ ки муаррифигари расму оини миллати тоҷик буданд дидан карда, доир ба ин ё он хусусияти хоси анъанаҳои наврӯзӣ бо хонанадагону сокинони шаҳр ҳамсуҳбат гардиданд. Муҳтарам Мирзо Исмоилзода, дар баромади хеш тамоми мардуми кишвар ва сокинони шаҳро бо Ҷашни Наврӯзи бузурги ниёгонамон табрику муборакбод намуданд. Зикр кард, ки соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯз аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида, муборактарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардумӣ маҳсуб ёфта, ифодагари таҷлили рӯзи нав, соли нав, иқболи нав ва орзуҳои нав, баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую расму оин, ҷаҳонбинӣ ва рукнҳои тамаддуни халқу қавмҳо буда, давоми мантиқии суннатҳои ниёгонамон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ба ифтихори Ҷашни Наврӯз гирду атрофи базмгоҳ бо шиорҳо ва парчами миллӣ оро дода шуда, дар ҳар канори он сокинону меҳмонон хурсандӣ мекарданд.
Дар охири чорабинӣ аз тарафи сарояндаҳои ҷумҳурӣ ва шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Маълумоти таърих ӣ . Ва ҳ дат ша ҳ ри маъмурии тобеи ҷ ум ҳ ур ӣ буда, 17 сентябри соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Соли 1936 ба Ор ҷ оникидзеобод, соли 1991 ба Кофарни ҳ он ва аз соли




