ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ НАМОЯНДАГОН, ҲУНАРМАНДОН ВА МАСЪУЛОНИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ДАР ФЕСТИВАЛ - ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

26 апр 2026, 11:26
Слайдер / Навид / Соҳаҳо
3
  Имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ҷамъбастӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал- Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони "Сайри гули лола" баргузор гардид. Дар маросим намояндагони Ҳукумати кишвар, Вазорати фарҳанг, Кумитаи рушди маҳал, МИҲД шаҳри Душанбе, МИҲД шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат иштирок намуданд. Пеш аз оғози маросим дар саҳни Театр ҳунармандону гулпарварон аз тамоми қаламрави кишвар ҷамъ омада, дар фазои сулҳу оромии кишварамон навъҳои гуногуни гули лола ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд.
Дар оғози маросим Сулаймон Зиёзода муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз намуд, ки Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони "Сайри гули лола" эҳсоси зебоипарастӣ ва ободонии ватанро дар замири ҳар як сокини кишвар бедор карда, барои баланд, бардоштани маърифати экологии аҳолӣ замина мегузорад.
Баъдан аз ҷониби Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор корхонаю муассиса ва дигар ниҳодҳо, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани Фестивал мусоидат карданд, "сипоснома" тақдим карда шуд.
Бояд гуфт ки Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» аз рӯи 10 номинатсия: «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» гузаронида шуд ва ғолибони он бо диплому Ҷом, инчунин, маблағҳои пули ба андозаи аз 5 то 10 ҳазор ва Шоҳҷоиза ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд. Имсол Шоҳҷоизаи Озмун ба шаҳри Душенбе тақдим карда шуд. Ҷамоъати деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат аз рӯйи наминатсияи «деҳоти беҳтарин» сазовори ҷойи аввал гардид. Шоира Абдураҳимзода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат зимни суҳбат ба мо гуфт, ки гулпарварӣ яке аз рукнҳоии асосии фарҳанги қадимаи миллатамон ба ҳисоб меравад ва мо ин анъанаи деринаро имрӯз бо шакл ва тарзи нав идома медиҳем.
Ҳамзамон, дар баробари ҷоизасупорӣ, инчунин, барномаи рангини консертӣ ҳам пешниҳоди иштирокчиён гардид. Анвар Назаров корманди Кумитаи рушди маҳал зимни суҳбат ба мо гуфт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Фестивал имсол дар қаламрави кишварамон зиёда аз 5 миллион гули лола шинонида шуд.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии "Сайри гули лола" ин пеш аз ҳама ободонӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати аҳолӣ ба гулпарварӣ, зебо намудани ҳар як хона, маҳалла, ноҳия, шаҳру вилоят, ҷумҳурӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат мебошад.

Ҳамчунин дигар наворҳо: