БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ВАҲДАТ НУКТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАВЗЕҲ ДОДА ШУДАНД
Санаи 23- уми апрели соли равон, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо иштироки масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ва фаъолони шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", "Танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва таъмини иҷрои «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» тавзеҳ дода шуданд.Дар вохӯрӣ Суҳроб Толибзода, прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хусрав Убайдзода прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Прокуратураи шаҳр доир ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, хусусан амалӣ гардонидани чор ҳадафи стратегӣ дар мамлакат, ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба масъалаҳои об, иқлим, амният ва ҳамкории минтақавӣ ва ҳамовозӣ пайдо намудани онҳо аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ сухан намуданд. Инчунин рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат давоми 35-соли соҳибистиқлолӣ муфассал таҳлилу баррасӣ карда шуд.
Вохӯрии мазкуро муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода оғоз намуда баён кард, ки ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳо ин баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, пешгирии гаравиши онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва баррасии роҳҳои ҳалли масъалаҳои доғи ҷомеа мешобад.
Гуфта шуд дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дигар масъалаҳои муҳим, ки марбут ба татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошанд, низ дарҷ гардидаанд. Ҳамзамон, ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ оид ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии мамлакат, таъмини адолати иҷтимоӣ, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ ва таъмин намудани адолати судӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар вохӯрӣ масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба вазъи қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба созмону ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, инчунин муаррифии мазмуну моҳияти «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва амалисозии нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2026-2030 сухан гуфтанд.
Гуфта шуд, ки ҷавонон бояд ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ донанд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Маълумоти таърих ӣ . Ва ҳ дат ша ҳ ри маъмурии тобеи ҷ ум ҳ ур ӣ буда, 17 сентябри соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Соли 1936 ба Ор ҷ оникидзеобод, соли 1991 ба Кофарни ҳ он ва аз соли



