СИТОД ОИД БА САЗОВОР ҶАШН ГИРИФТАНИ 35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, зери роҳбарии раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода, баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ситоди шаҳрӣ доир гардид.
Дар он муовини аввал, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, комиссари ҳарбии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулон иштирок карданд.
Гуфта шуд, ки сокинони заҳматкашу ватандӯсти шаҳр барои ободу зебо гардониданӣ як гӯшаи Ватани хеш бо дилу нияти нек ва бо ҳисси баланди ватандӯстию ифтихормандӣ дар ободу пешрафти шаҳри худ дастаҷамъона саъю талош доранд. Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамчунин, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша, шаҳраку деҳоти он рӯз аз рӯз зебо гашта, бунёди иншооти муҳими таъйиноташон гуногун, инчунин, таъмиру азнавсозии роҳҳои кӯчаю маҳаллаҳо ба шаҳр ҳусни нав зам намудаанд.
Ҳоло Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо сокинони заҳматкашу меҳнатқаринаш ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҳамаҷониба гирифта, ният доранд, ки ин ҷашнро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.
Бахшида ба ин иди милливу фархунда бунёду навсозии беш аз 800 иншоот дар назар аст. То имрўз наздик ба 700 -тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар дигар иншоотҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Иншоотҳои мазкур ба соҳаҳҳои маориф, тандурустӣ, варзишӣ, фарҳаг, маориф, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва таъмиру азнавсозии роҳу биноҳои баландошиёна марбут аст.
Ҳамзамон, дар ситод оид ба даъвати ҷавонони синни даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаи таъмини ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар сухан гуфта шуд.
Муҳтарам Мирзо Исмоилзода ба масъулини сохторҳои марбута дар муҳлатҳои муайяншуда ҷамъбаст намудани нақшаи даъвати баҳорӣ дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.
Дар ситод зикр шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар партави сиёсати ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшиши худро барои таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум равона кардааст.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



