ВАҲДАТ: ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БО УСУЛИ «ДЕҲА БА ДЕҲА»

20 апр 2026, 11:26
Соҳаҳо / Ҷавонон ва варзиш / Навид
16
 Санаи 19- уми апрели соли 2026, даври ҷамъбастии мусобиқаи футбол бо усули “Деҳа ба деҳа” ки бахшида ба хотираи мураббиёни шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Назаров ва Муҳсин Муҳаммадиев дар Ҷамоати деҳоти Баҳор ҷамъбаст шуд.
Дар даври ниҳоӣ барои ишғол намудани ҷойҳои якум миёни дастаҳои «Чутқайша»-и маркази шаҳр ва «Телмон»-и Ҷамоати деҳоти Гулистон дар фазои тантанавӣ ва бо ҳузури доираи васеи мухлисон баргузор гардид.
Ҷойи якумро футболбозони “Чутқайша” бо намояндагӣ аз дастаи маркази шаҳр соҳиб гардида, мақоми дуюм насиби дастаи «Телмон»-и деҳоти Гулистон шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби намояндаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Соқиев Абдулло ва муовини раиси шаҳри Ваҳдат Баҳриддин Мирзозода ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа Ҷом, диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур давоми ду моҳ як сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он 30 даста аз деҳаҳои шаҳр миёни ҳам дар майдони варзишии «Мачитон»-и Ҷамоати деҳоти Баҳор рақобат намуданд.
Мақсади асосии баргузории мусобиқа ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб ҷавонони деҳот ба машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҷавонони деҳаю маҳаллаҳо, дарёфти чеҳраҳои нави варзишии футболбоз мебошад.

Ҳамчунин дигар наворҳо: