ДАР ВАҲДАТ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» БАРГУЗОР ГАРДИД
Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ ва инчунин, оҳангсозӣ-бастакорӣ, ки ин номинатсияи нав соли 2024 ворид шуд, гузаронида мешавад.
Маврид ба гуфтан аст, ки имсол дар даври шаҳрӣ 115 нафар довталаб иштирок намуда, ки аз ин шумора 43 нафар ба даври минтақавӣ роҳхат гирифт.
Муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода зимни иштирок дар Озмун ба довталабон таъкид шуд: “Боиси хушҳолист, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ, ки ба гирифтани Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун шарафёб мегарданд, дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин, имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, онҳо ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ муаррифӣ мегарданд”.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Маълумоти таърих ӣ . Ва ҳ дат ша ҳ ри маъмурии тобеи ҷ ум ҳ ур ӣ буда, 17 сентябри соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Соли 1936 ба Ор ҷ оникидзеобод, соли 1991 ба Кофарни ҳ он ва аз соли




