ОҒОЗ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ЛОИҲАИ «СОХТМОНИ ШАБАКАҲОИ БАРҚӢ ДАР ДЕҲОТИ РОМИТ»

04 апр 2026, 15:18
Слайдер / Соҳаҳо / Навид
9

  Санаи 4-уми апрели соли 2026, дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Ромит» корҳои сохтмон ва васлу насб оғоз гардиданд.

Зимни муаррифии ин тарҳ гуфта шуд, ки татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа имкон фароҳам меорад 15 деҳаи Ҷамоати деҳоти Ромит, аз ҷумла деҳаҳои Лошхарв, Сайёд, Хилмарз, Товиши Поён, Лангар, Деҳпир, Сонеҳ, Сорвоғ, Хоҷабӯстон, Варвар, Регак, Хол, Сорбоғи Дарун ва Сорбоғи Даҳана бо неруи барқи доимӣ ва боэътимод таъмин карда шаванд.

Ҳамзамон, дар доираи татбиқи лоиҳа иҷрои корҳои муҳими инфрасохторӣ, аз ҷумла васеъсозии зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ-и «Ромит», бунёди зеристгоҳи барқии нави 110 кВ-и «Явроз», сохтмони хати интиқоли барқи 110 кВ аз зеристгоҳи «Ромит» то зеристгоҳи «Явроз», кашидани хатҳои ҳавоии барқии 20 ва 10 кВ, насби 28 трансформатори 20/0,4 кВ ва 10/0,4 кВ, бунёди шабакаҳои тақсимоти барқи 0,4/0,22 кВ пешбинӣ шудааст.

Корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби консорсиуми ширкатҳои «БАРС Консалтинг», «ЭЛСИ-Азия Энерго Строй Проект» ва «Аркон» анҷом дода шуданд. Паймонкори лоиҳа ширкати ватании Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» буда, маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) амалӣ мегардад. Тибқи нақша, татбиқи пурраи лоиҳа соли 2028 дар назар дошта шудааст.

Татбиқи ин лоиҳа барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот, рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ аҳамияти муҳим дорад.

Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи марҳилаи якуми лоиҳаи мазкур зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ-и «Ромит» бунёд шуда, 8- уми октябри соли 2020 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.

Дар натиҷаи татбиқи марҳилаи аввал 9 деҳаи минтақа, аз ҷумла Қоху, Девдара, Новаки Поён, Новаки Боло, Пушандоч, Вистан, Дашти Мазор, Ғусғеф ва Пичеф, ки шумораи умумии аҳолии онҳо зиёда аз 3 100 нафарро ташкил медиҳад, бори аввал давоми солҳои тӯлонӣ ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намуданд.

Бояд гуфт, ки татбиқи пайдарпайи марҳилаҳои лоиҳа қадами муҳим дар самти таъмини пурраи аҳолии минтақа бо неруи барқ ва таҳкими низоми энергетикии мамлакат арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин дигар наворҳо: