ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ ДАР БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ ШАҲР

23 мар 2026, 12:20
Навид
2
Бахшида ба таҷлили сазовори Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз чанде пеш дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат чорабинии идона доир гашт.
Дар чорабинӣ муовинони раиси шаҳри Ваҳдат Шоира Абдураҳимзода, Баҳриддин Мирзозода ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва кормандони соҳа ширкат варзиданд.
Аз ҷониби табибони муассисаҳои тандурустии шаҳр дастархони идона ороста шуда, хӯрокҳои баҳорӣ, ҳафтсину ҳафтшин ва дигар оинҳои наврӯзӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода, баромад намуда, тамоми кормандони соҳаи тандурустии шаҳро бо Ҷашни Наврӯзи бузурги ниёгонамон табрику муборакбод намуданд. Ҳамчунин, зикр карданд, ки соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯз аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида, муборактарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардумӣ маҳсуб ёфта, ифодагари таҷлили рӯзи нав, соли нав, иқболи нав ва орзуҳои нав, баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую расму оин, ҷаҳонбинӣ ва рукнҳои тамаддуни халқу қавмҳо буда, давоми мантиқии суннатҳои ниёгонамон мебошад.

Ҳамчунин дигар наворҳо: