КУМАК АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ВА ШАХСОНИ САХОВАТПЕША БА ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР ВА ҶАШНИ НАВРӮЗ

20 мар 2026, 11:42
Соҳаҳо / Навид
2

  Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим ва шахсони саховатманд, ба муносибати Иди Саиди Фитр ва Ҷашни Наврӯз ба ятимони кулл, бепарасторону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманду ниёзманд кумакҳо расонида шуд.
Баҳраманд гардидан аз кумакҳои мазкур, бахусус, барои кӯдакону наврасон хело ҳам хурсандибахш буд ва онҳо арзи сипосу миннатдории хешро ба Роҳбари давлат ва раиси шаҳр, кулли ташаббускорони ин амали хайру савоб самимӣ баён доштанд.
Бояд гуфт, ки чунин амали инсонпарварона ва наҷиб чун иқдоми шоднамоӣ ва руҳбаландкунанда дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар заминаи сиёсати самарабахши иҷтимоӣ амалӣ шуда, пайваста иҷро мегардад. Мавриди зикр аст, ки дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва наврасони дорои имкониятҳои маҳдуд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби раҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат имрӯзҳо чун анъана дар арафаи иду ҷашнҳо ба ин қишри ниёзманд дасти кумак ва ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Маврид ба зикри хос аст, ки дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад.

Ҳамчунин дигар наворҳо: