ОИД БА ДАЪВАТИ ҶАВОНПИСАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲР СИТОДИ ШАҲРӢ ДОИР ГАРДИД

14 мар 2026, 08:20
Соҳаҳо / Навид
1
 Ваҳдат: 13.03.2026. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, таҳти раёсати раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати ҷавонони синни даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он муовини аввал, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, комиссари ҳарбии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулон иштирок карданд. Ҳамзамон, дар рафти ситод, раиси шаҳр ба раиси комиссияи даъвати ҷавонон, муовини раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин Файзулло супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар кори ситод аъзоëни ситод ширкат варзида, аз натиҷаи таъмини ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва омодагӣ ба он маълумот доданд.
Комиссари ҳарбии шаҳр оид ба омодагӣ ба даъвати навбатии баҳории соли 2026 шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999 - 2008 ба хизмати ҳарбӣ баромад намуда зикр кард, ки ҳайати кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр омодагиҳоро ба даъвати баҳорӣ, аллакай, оғоз намуда ба даъватшавандагон даъватномаи омӯзишӣ додаанд.
Ҳамчунин, Мирзо Исмоилзода ба масъулини сохторҳои марбута дар муҳлатҳои муайяншуда ҷамъбаст намудани нақшаи даъвати баҳорӣ дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: