РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст

10 мар 2026, 12:22
Сайёҳӣ / Навид
5

 Соли 2025 мавзеъҳои ҷолиби шаҳри Ваҳдатро 82 457 сайёҳ тамошо намудааст, ки нисбат ба соли 2024 11,5 ҳазор нафар зиёд мебошад. Аз ин теъдод 1197 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад.

Бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва таблиғу муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат, бахусус дараи Ромит соли 2025 хатсайри сайёҳии «Ваҳдат – Сафеддара – Ваҳдат» ва хатсайри сайёҳии дохилии «Душанбе – Ваҳдат – Ромит – Душанбе» ташкил гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, сайёҳони ба шаҳр воридшуда, асосан, аз давлатҳои Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Беларус, Арманистон, Эрон, Чин, Австралия, Покистон, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб мебошанд.

Дар шаҳр дар заминаи обҳои гарми шифобахши табиӣ осоишгоҳҳои «Зайрон», «Оби шифо» ва «Садбарг» фаъолият доранд. Инчунин, Резервати биосферии «Ромит», дараҳои Ромит, Канаск, Арху, Чуянгарон ва Симиганҷ барои сайёҳон ҷолиб буда, ба макони писандидаи онҳо табдил ёфтааст.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро бештар Резервати биосферии «Ромит» ба худ ҷалб менамояд. Ин мамнуъгоҳ дар масофаи 80 километр дур аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Айни замон дар ҳар ду ҷониби роҳ ба суи мамнуъгоҳ истироҳатгоҳҳои зиёде бунёд шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мамнуъгоҳ 1503 навъи наботот, як намуди обхезҳо, 17 намуди хазандаҳо, 134 намуди парандагон ва 32 намуди ҳайвоноти ширхӯр мавҷуданд.

Хотиррасон мешавем, ки Резервати биосферии «Ромит» соли 1959 ҳамчун мамнуъгоҳ ташкил карда шуда, соли 2014 бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои бойи табиат ба Резервати биосферӣ табдил дода шуд.

Масоҳати умумии Резервати биосферии «Ромит» беш аз 16 ҳазор гектар буда, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар болооби дарёи Кофарниҳон, дар баландиҳои аз 1176 то 3700 метр аз сатҳи баҳр воқеъ мебошад.

Табиати резерват аз мавзеъҳои зебои сабзпӯш иборат буда, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, байни ду шохоби пуртуғёни дарёи Кофарниҳон – Сорво ва Сардаи Миёна ва пасту баландиҳо ҷойгир аст. Иқлимаш континенталӣ ва дорои чор фасли сол буда, дар моҳҳои июн — август ҳарорати ҳаво дар ин ҷо то 38 дараҷа гарм ва дар фасли зимистон то 30 дараҷа сард мешавад.

Солҳои охир дар Резервати биосферии «Ромит» дар 60 гектар ҷангалзор ташкил ва дар он 100 ҳазор дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуданд. Дар ин ҷо бештар дарахти бодом, навъҳои гуногуни олуча, себ, бед, хуч ва арча хуб нашъунамо менамоянд. Моҳи феврали соли равон дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» зимни маъракаи ниҳолшинонӣ дар мамнуъгоҳ беш аз 400 ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва ороишию мевадиҳанда шинонида шуд.

Ҷамоаҳои зиёди дарахтӣ ва буттагӣ, ки дар дигар қаламрави ҷумҳурӣ кам дучор меоянд ё тамоман вуҷуд надоранд, дар Резервати «Ромит» муътадил сабзиш дошта, ба онҳо челонзор, фаркзор, ангатзор, беду булутзор ва бодомзору чормағззор мансубанд. Хусусан бодомзору чормағззор омили муҳими мавҷудияти резерват мебошанд.

Резервати биосферии «Ромит» дорои табиати нотакрор, гиёҳҳои шифобахши табиӣ ва хӯрданбоб мебошад. Дар сатҳи муътадил дар кӯҳу кӯҳпораҳо намудҳои зиёди растаниҳои шифобахшу ғизоӣ, аз қабили сиёҳалаф, чукрӣ, модел, рошак, шибитак, каравшак, торон, сунбул, зира, чойкаҳак, савсан, холмон, намудҳои гуногуни пиёз- дар маҷмуъ 197 намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯяд. Дар ин ҷо аз ҳайвонҳои ваҳшӣ — бабри барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, хуки ёбоӣ, гург, рӯбоҳ ва дигар ҳайвонҳо сукунат менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 27 сентябри соли 2025 дар ҷаласаи 37-уми Шурои ҳамоҳангсози байналмилалии Барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера», ки дар шаҳри Ханчжоуи Чин баргузор гардид, Резервати биосферии «Ромит» расман ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО дохил карда шуд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Ҳамчунин дигар наворҳо: