ДИДАН НАМУДАН АЗ НАМОИШИ “ХАТИ ТЕХНИКӢ”-И ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Ваҳдат: 7. 03.2026. Имрӯз, 7 марти соли равон, раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, ҳамроҳ бо намояндагони Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва дигар масъулони соҳа аз омодагии техникаҳои кишоварзии шаҳр барои оғози кишту кори баҳорӣ боздид намуданд.Зимни боздид техника ва мошинолоти кишоварзӣ аз санҷиши техникӣ гузаронида шуда, омодагии онҳо барои мавсими баҳорӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт.
Масъулон бо хоҷагидорон ва механизаторон суҳбат намуда, вобаста ба банду басти мошинҳои кишоварзӣ, ҷобаҷогузории дурусти қисмҳо, ҳолати пунбашинонак ва тухмипошакҳо маслиҳатҳои муфид пешниҳод карданд.
Раиси шаҳр зимни баромади худ зикр кард, ки дар асоси фармоиш ва дастури Вазорати кишоварзӣ ҳар сол кишоварзони шаҳр пеш аз кишту кори баҳорӣ дар шаҳр омодагии «Хатти таёр»-и техникаи кишоварзиро мегузаронанд.
Ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки барои кишту кор тамоми техникаҳои заруриро мутобиқ ба талаботи агротехникӣ пурра омода намуда, истифодаи самараноки онҳоро таъмин намоянд.
Бояд қайд кард, ки кишту кори зироатҳои кишоварзӣ аз омодагии техника вобастагии зиёд дорад. Тибқи маълумотҳои идораи кишоварзӣ дар шаҳр ба ҳолати 01.03.2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 593 адад тракторҳои гуногунтамға, аз ҷумла тракторҳои тасмачархи шудгоркунанда 17 адад, тракторҳои байниқаторӣ 18 тракторҳои нақлиётӣ 558 ададро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумотҳо аз шумораи умумии 13 адад камбайнҳои ғалладаравӣ ва 16 адад тухмипошак, 11 адад камбайнҳои ғалладаравӣ ва 14 адад тухмипошак, 4 адад тухмипошаки пахтакорӣ, 112 адад ядакиҳои тракторӣ ва беш аз 1100 адад дигар мошинолотҳои кишоварзӣ то имрӯз ба мавсими кишту кори баҳорӣ омода мебошанд, ки беш аз 78 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳад ва ин нишондод ба гузаронидани кишти баҳорӣ кофӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мусоидати Вазорати кишоварзиии Ҷумҳурии Точикистон имрӯз Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» таъсис дода шудааст, ки кишоварзон метавонанд бо роҳи шартномавӣ трактор ва мошинолотҳои кишоварзиро харидорӣ намоянд.
Гуфта шуд, ки сарфи назар аз мушкилоти мураккаби ҷаҳонӣ имрӯза ва таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти шаҳр, соли 2025 соли бобарор ба ҳисоб рафта, дар ҳайёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ваҳдат пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
Бо азму иродаи кишоварзон ва механизаторон нишондиҳандаҳои ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2025 ба 1 миллиарду 961 миллиону 570 ҳазор сомони баробар гардид, ки нисбати соли 2024 29 мллиону 788 ҳазор зиёд буда, суръати афзоиши он 1,5 фоизро ташкил додаст.
Имсол дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории шаҳр дар майдони 8190 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 200 гектар пахта, 1300 гектар картошка, 5633 гектар ғалладонагиҳо ва 1057 гектарашро зироатҳои хӯроки чорво ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил медиҳад.
Маврид ба ёдоварист, ки хаҳматкашони шаҳр бо риояи тавсияҳои мутахассисон ва анҷом додани кишти зироат дар муҳлатҳои муайяншуда метавонанд ба дастёбии ҳосили фаровон ноил гарданд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Маълумоти таърих ӣ . Ва ҳ дат ша ҳ ри маъмурии тобеи ҷ ум ҳ ур ӣ буда, 17 сентябри соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Соли 1936 ба Ор ҷ оникидзеобод, соли 1991 ба Кофарни ҳ он ва аз соли



