ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ МИРЗО ИСМОИЛЗОДА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР

07 мар 2026, 11:41
Навид
3
    Хоҳарони арҷманд!
   Модарон ва бонувони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимият бонувони шаҳрро бо ифтихори Рӯзи модарон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрику муборакбод менамоям. Барои Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори ободу осуда, бахту саодат ва барори кор таманно мекунам.
Дар ин рӯзҳои пур аз шодию нишот, айёми зебои фасли сол – оғози баҳори нозанин, ки чун модар ҷонбахшу офаранда аст, мо иди фараҳбахши Рӯзи модарро бо як шукӯҳу шахомати хосса таҷлил менамоем. Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми хоҳарон ва модарону бонувони саодатманди шаҳрро сидқан табрик гуфта, бароятон тамоми хушиҳои рӯзгорро орзу менамоям
Ҳамаи шуморо дар ин рӯзи мубораку хуҷаста, ки ба оғози зеботарин фасли сол – баҳори гулбасар ва арафаи яке аз бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврӯзи оламафрӯз баробар омадааст, самимона табрику таҳният менамоям.
Воқеан, модар нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст.
Заҳматҳои беназири Зан – Модар дар ҳаққи фарзанд, инчунин, ба хотири ободиву оромии кишвар моро водор месозад, ки қадру қиммат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо орем ва барои ӯ шароити мусоиде омода кунем, ки дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифатро тарбия намояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру манзалати зан – модарро ҳамеша дар мақоми аввал мегузоранд. Занон дар меҳвари сиёсати одилонаи Пешвои муаззами миллат нақши намоён доранд. Бо ташаббуси Президенти мамлакат таҷлил намудани Рӯзи Модар низ нишони эҳтирому эътиқод ва муҳаббату вафо ба бонувони кишвар аст..
Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои охир як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонид, ки ҳамаи онҳо, пеш аз ҳама барои таъмини зиндагии осуда ва баланд бардоштани мақому манзалати Зан – Модар дар ҷомеа нигаронида шудаанд.
Мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо - модарони азизу арҷмандро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба аҳли хонаводаи Шумо бахту саодат, ободиву осоиш ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям!
Идатон муборак, модарону хоҳарони азизу арҷманд!

Ҳамчунин дигар наворҳо: