БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР СИТОДИ ШАҲРӢ

04 мар 2026, 14:23
Соҳаҳо / Навид
6
 Ваҳдат: 4.03.2026: Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар ситод масъалаҳои пешгирӣ аз омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, баланд бардоштани сатҳи даъвати ҷавнон ба хизмати ҳарбӣ дар давраи даъвати баҳории соли 2026 барррасӣ гардиданд.
Дар кори ситод раиси комиссияи даъвати шаҳри Ваҳдат, муовини раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин, инчунин, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони як қатор раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои назди мақомот ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Таъкид шуд, ки мавсими даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чорабиниҳои муҳими сиёсию ташкилӣ маҳсуб ёфта, барои саривақт иҷро кардани нақшаи пешбинишуда, ҷалби ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани онҳо аз ҳар яки дар шаҳравнд вобастагӣ дорад.
Дар ситод масъулон бо раисони ҷамоатҳо, мизҳои ҳарбӣ ва дигар масъулони даъват, оиди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар рафти фаъолиятӣ корӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои хавфи коррупсионӣ ва даст назадан ба дигар қонуншиканиҳо сухан гуфтанд.
Муовини раиси шаҳр таъкид намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамаи масъулинро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи деҳот барои саривақт ва босифат иҷро кардани нақшаи даъвати наваскарон тамоми ҷораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дар хотима Баҳриддин Мирзозода бо вазифагузориҳои мушаххас суханронӣ намуда, аз ҳар яки масъулин талаб кард, ки корҳои омодагиро пурзӯр карда, тайёрии ҷиддӣ ва корбарии саривақтӣ дошта бошанд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: