«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!»  Тарғиби либоси миллӣ дар шаҳр

04 мар 2026, 11:25
Соҳаҳо / Навид / Аксҳо
2

  Бо мақсади арҷгузорӣ ба анънаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, такмили эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастии занону духтарон, тарғиби либосҳои миллии мардумӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, чанде пеш  бо иштироки гулдухтарон Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат баҳри муаррифии либоси атлас, адрас, чакан ва дигар либосҳои миллӣ намоиши доир гардид. Дар намоиш муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода иштирок намуданд. Гулдухтарон бо либосҳои миллӣ дар назди бинои Коллеҷ ба сайру гашт баромада, ба шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳр либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ карданд.

Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, тоҷикон либоси худро дар ҳар давру замон маҳфуз дошта, ба эҳтирому эътибори халқҳои ҷаҳон сазовор гаштаанд. Воқеан, имрӯзҳо баъзе занону духтарон на танҳо аз ҷаҳлу нодонӣ балки бо ҳадафу ниятҳои ғаразнок фарҳанги бегонаро тарғиб мекунанд. Тақлидкорӣ ба либосҳои ба фарҳангу маданияти мо бегона кори хуб нест, зеро бонувон асолати миллии худро аз даст медиҳанд. Бояд гуфт, ки чунин иқдом ҳамасола дар фасли Баҳор ва дигар иду ҷашнҳои миллӣ, аз ҷониби бахши занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад.

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: