ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

02 мар 2026, 11:43
Соҳаҳо / Навид
3

 Ваҳдат: 2.03.2026. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо иштироки раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

 Дар ҷаласа муовини якуми раиси шаҳр, муовинон, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр  иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа оиди соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, пешгирӣ аз танбашавии нақлётҳо дар шоҳроҳ ва кӯчаҳои шаҳр, бунёди корхонаҳои саноатӣ, ба ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, сарфакорона истифоба бурдани неруи барқ, тоза намудани шоҳроҳҳо ва хиёбонҳои маркази шаҳр аз партовҳо, назорат бурдан оид ба савдои кӯчагӣ ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода вобаста ба ташвиқу тарғиби дастоварҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, хизматрасонии соҳаи об,  саноат, андозсупорӣ, вусъати корҳои идеологӣ, дастгирии соҳибкорон, омодагии хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, омодагиҳои ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ суханронӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид шуд, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳр ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода карда, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ таъмин карда шавад.

Гуфта шуд, ки барои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, бахусус, пахта ва ғалладонагиҳо ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.

Дар фарҷом раиси шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти самаранок ва баҳри иҷрои нақшаҳои пешгузошта, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, корҳои тарғиботиву иттилоърасонӣ ба мардум, даъвати аҳолӣ ба саҳмгузорӣ дар ободониву бунёдкорӣ ва дигар тадбирҳо ба масъулин вазифагузорӣ намуданд, то ин ки ба нишондиҳандаҳои мусбат ноил гардем.

Ҳамчунин дигар наворҳо: