СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ТАЪМИРУ НАВСОЗИИ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Санаи 29-уми январи соли 2026 раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани варзишгоҳи марказии шаҳр бо муовинони раис ва бо масъулони соҳа суҳбат намуд.
Аснои шиносоӣ раиси шаҳр аз ҳолати ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, нуқтаи тиббӣ, дафтари кории маъмурият ва аз ҳуҷраҳои техникӣ дидан карда, оид ба ҳарчи зутар ҳал намуданӣ мушкилиҳои ҷойдошта ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин, Мирзо Исмоилзода масъулинро ба анҷоми босифати корҳо ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки беҳтар шудани шароит ба рушти соҳаи варзиш ва афзудани дастовардҳои варзишгарони шаҳр мусоидат хоҳад кард. Тибқи супоришҳо мутахассисони соҳа айни замон он камбудиҳое, ки дар варзишгоҳ мавҷуданд, барои сари вақт бартараф кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Бояд гуфт, ки оид ба супоришҳои дар болозикр дар шаҳр ситоди корӣ зери роҳбарии раиси шаҳр, сардори ситод ташкил шуда рафти корҳои онро ҳарӯза зери назорат мегиранд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:




